Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи сафед "созиши шифоҳӣ"-и Трамп бо Путинро рад кард


Доналд Трамп ва Майк Помпео

Маъмурияти Кохи сафед мегӯяд, дар мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Русия Владимир Путин, 16 июл дар Ҳелсинки, ягон созиши шифоҳӣ, ки дар нишасти матбуотӣ номбар нашуд, ҷой надошт.

Дар бораи вуҷуди чунин созишҳо намояндагони Русия, аз ҷумла сафири ин кишвар дар ИМА Анатолий Антонов ва Вазорати дифои Русия хабар доданд. Ин изҳорот ва беҷуръатии Тармп дар нишасти матбуотӣ, ба гуфтаи шореҳон, суолҳоеро дар Конгресс ба миён овардааст, ки оё дар мулоқоти рӯ ба рӯи Трамп бо Путин созиши мухолифи манфиатҳои ИМА ҷой дошт ё не. Демократҳо дар Конгресс мехоҳанд тарҷумони Трамп, ки дар мулоқот ҳузур дошт, бозпурсӣ шавад, ё навори сӯҳбати Тармп бо Путин дар ихтиёри Конгресс қарор бигирад.

Майк Помпео, Котиби давлатии Амрико дар шарҳи изҳороти Антонов ба шабакаи телевизионии Fox News гуфт, ки суханрони Антоновро набояд ба эътибор гирифт ва афзӯд, ки "русҳо гоҳ-гоҳ мехоҳанд афсонабофӣ кунанд". Помпео гуфт, ки маъмурияти Трамп дар баробари Русия мавқеи қотеона дорад.

Пентагон низ гуфтааст, ки дар робита ба ҳамкории танготанг бо Русия дар масъалаи Сурия дастуре дарёфт накард.

Дар поёни нишасти Ҳелсинки ягон изҳороти муштарак қабул нашуд. Ба ғайри сӯҳбатҳо дар бораи зарурати муколама, танҳо як мавзӯи дақиқ матраҳ буд, ки дар чаҳорчуби низои Сурия амнияти Исроил бояд таъмин бошад.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG