Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: 80% кӯдакони таҷовузшуда аз хешони худ озор дидаанд


Акси тасвирии кӯдакозорӣ
Акси тасвирии кӯдакозорӣ

Раҳбари бахши кор бо кӯдакон ва ноболиғони Вазорати дохилии Қирғизистон Марат Сапев мегӯяд, 80 дар сади кӯдакони таҷовузшуда аз дасти хешони худ озори ҷинсӣ дидаанд. 20 дар сади дигарро афроди ношинос таҷовуз кардаанд.

Сапаев ин оморро рӯзи гузашта дар мизи гирде таҳти унвони "Афзоиши кӯдакозорӣ дар Қирғизистон - ҷори кардани ҳукми қатл зарур аст?", баён кард.

Намояндаи порлумони Қирғизистон Айнура Олтибоева дар ин нишаст гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз кӯдакозорӣ ҳукми эъдомро ба ин ҷиноят дуруст мешуморад.

Масъалаи бо роҳи кимиёвӣ хунсо кардани онҳое, ки ҷурмашон дар таҷовузи ноболиғон собит шудааст, солҳо боз дар Қирғизистон баррасӣ машавад. Аммо намояндаи Вазорати беҳдошт Бермет Баркбасова ба ҳозирони мизи гирд гуфт, ки гумон намекунад ин чора натиҷаеро ба бор биёрад.

Танҳо дар соли 2016 дар Қирғизистон 400 ҷинояти алайҳи кӯдакон сабт шуд, ки 30 мавриди он озори ҷинсӣ буд.

XS
SM
MD
LG