Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори пулис дар Узбекистон бинии кишоварзро шикаст


Раҳбари яке аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Янгиободи Узбекистон Сардор Қурбонбоев, ки ҳамзамон масъули ҷамъоварии андоз дар бозори маҳаллӣ аст, мегӯяд, сардори пулиси ноҳия Илҳом Сулаймонов ӯро латукӯб кард ва биниашро шикаст.

Ба гуфтаи Қурбонбоев, Сулаймонов ӯро барои сари вақт ба кор надаровардани комбайне латтукӯб кард, ки ҳангоми дарави ғалла дар хоҷагии деҳқонии “Пасткичакир булогӣ” вайрон шуда буд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидони ҳодиса, сардори пулиси Янгиобод дар назди раис ва додситони ноҳия кишоварзонро латтукӯб кардааст.

Қурбонбоев мегӯяд, ташхиси тиббӣ низ шикаста шудани бинии ӯро тасдиқ кард. Кишоварзи узбек аз болои сардори пулиси Янгиобод ба додситонии вилояти Ҷизах, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Вазорати умури дохилии Узбекистон шикоят бурд. Ӯро 17 июл барои додани баёнот ба додситонии вилояти Ҷизах даъват карданд.

Талошҳо барои тамос бо худи Сулаймонов бенатиҷа буданд. Вале раиси Янгиобод Икром Матиев гуфт, дар ноҳияи онҳо кишоварзе бо номи Сардор Қурбонбоев нест ва ин гуна ҳодиса ҳам рух надодааст. Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки тафтиши парвандаи мазкурро таҳти назорат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG