Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп иқрор шуд, ки дар Ҳелсинкӣ "зиёдагӯӣ" кардааст


Ба думболи танқидҳои шадиди нишасти матбуотии президенти ИМА бо раҳбари Русия дар Ҳелсинкӣ, Доналд Трамп талош дорад, манзур ва мафҳуми баъзе аз суханҳои худро тағйир диҳад. Мунаққидони Трамп гуфтаҳои ӯро, ки президент назар ба хадамоти махсуси ИМА ба ҳамтои русаш Владимир Путин бештар эътимод дорад, гаштаву баргашта таҳлил карданд.

Доналд Трамп нимаи дувуми рӯзи 17 июл рӯзноманигоронро дар Кохи сафед ҷамъ ва бо қироати матне аз рӯи коғаз талош кард, онҳоро мутфқоид созад, ки ба хадамоти махсуси кишвараш бовар дорад.

Трамп гуфт, бо хулосаи мақомоти иктишофии ИМА, ки мегӯянд, Русия дар интихоботи президентии соли 2016 ба нафъи ӯ дахолат кард, розӣ аст. Вале афзуд, ки он ба натиҷаи интихобот таъсире нарасондааст.

Нишасти хабарии Трамп чанд дақиқа баъд аз изҳороти раҳбари ҷумҳурихоҳони Сенати Амрико Митч Макконнелл баргузор шуд. Макконнелл ба Русия ҳушдор дод, ки дар интихоботи соли равон дахолат накунад, чун сенат метавонад бо қабули қонуне зидди Москва таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кунад.

Иқрори Трамп ба "зиёдагӯӣ"-и худ дар мулоқот бо Путин дар ҳолест, ки демократҳо, рӯзноманигорон, аъзои ҷомеаи иктишофии ИМА ва ҳатто аъзои калидии Ҳизби ҷумҳурихоҳ ӯро барои суханҳояш дар Ҳелсинкӣ ва нишасти Брюссел сахт интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG