Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амният мегӯяд, террори 22 соли пеш ошкор шуд. Садо


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегуяд, баъд аз 22 соли ҳамлаи мусаллаҳона ба як автобуси вазорати дифо яке аз омилони ин бомбгузориро дастгир карданд.

Соли 1996 дар ҳамла ба автобуси вазорати дифо дар маркази Душанбе як нафар ҷон дод ва 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар баёнияи кумитаи амният аз рӯзи 14-уми июл омадааст, ки дар ин ҳамла дар соли 1996 Хуршед Раҷабов як сокини шаҳри Душанбе даст дошт ва ӯро рӯи 26-уми июн ҳангоми вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дастгир карданд.

Кумитаи амният мегӯяд, Хуршед Раҷабов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ “муддати 22 сол дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошт ва чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбаташ гузаронида мешуданд.”

Кумитаи амният мегӯяд, террори 22 соли пеш ошкор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00
Линки мустақим

Ҷавони муттаҳам ба ҷиноят дар ҳамлаи террористӣ ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, 26 июни соли соли 2018 ҳангоми вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо ному насаби дигар, аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ дастгир шуд.”

Мақомот нагуфтаанд, ки Хуршед Раҷабов аз кадом кишвар ба Тоҷикистон баргаштааст, аммо мегӯянд, ки ӯ баъди ҷиноят фирор карда ва то ҳол дар хориҷа ба сар мебурд.

Ҳалокати 1 нафар ва захмӣ шудани 9 тани дигар

18-уми июни соли 1996 дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ автобуси ҳарбии тамғаи «Урал», мутаалиқ ба вазорати мудофиа, аз тарафи шахсони номаълум мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Дар натиҷа, хизматчиёни ҳарбӣ Меҳмон Ҳисочаев, Абдулазиз Шукуров, Георгий Частухин, Наталя Ишанова, Георгий Шутов, Василий Григорчук, Алӣ Капланов, Престурякова, Овчинникова, Зайниева ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Наталя Ишанова дертар ҳалокат расид.

Онҳо нақшаро гирифта, ба ман 300 доллари амрикоӣ дода, гуфтанд, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломем. Командирамон Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад.

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, Хуршед Раҷабов ҳамларо бо се нафари дигар бо номҳои Алишер, Абдулло ва Шамик анҷом додааст ва ин афрод дастурҳои Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоро иҷро мекарданд, ки дар замони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин буд ва ӯро бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим мешинохтанд. Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли 2015 баъди як ошӯби нофарҷом кушта шуд.Ҷустуҷӯи муттаҳамони дигар ба амали террористӣ идома доштааст.

Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъди ҳамла бо норинҷак ва тирандозӣ ба автобуси вазорати мудофиа, мақомот Хуршед Раҷабовро бо кӯмаки шоҳидони айнӣ шиносоӣ кардаан. Аммо баъди “таҳдиди шарикони Хуршед Раҷабов ба се шоҳид аз ҷумла ба Фотима Азимова” онҳо аз баёноти худ даст мекашанд ва Хуршед Раҷабов бо шарти тарк накардани маҳалли зисташ озод мешавад.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Дар баёния омадааст, ки муттаҳам ба амали террористӣ баъдан аз қаламрави Тоҷикистон фирор мекунад. Дар баёнияи кумита, баёноти Хуршед Раҷабовро ҳам овардаанд, ки гӯиё гуфтааст, афроди Ҳоҷӣ Ҳалим аз ӯ хостанд, нақшаи ҳаракати автобуси вазорати мудофиаро дақиқ кашида, ба онҳо бидиҳад ва баъди иҷрои ин кор пул гирифтааст.

“Онҳо нақшаро гирифта, ба ман 300 доллари амрикоӣ дода, гуфтанд, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломем. Командирамон Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад. Ту аз ҳеҷ чиз натарс. Қумандони мо шахси буқувват аст» омадааст, дар баёния.

Маълум нест, вакили дифои муттаҳам ба ҷиноят кӣ ҳаст ва назари ӯ дар робита ба иттиҳомот чист.

Нақли шоҳидони ҳодиса

Кумитаи амнияти миллӣ ҳамчунин баёноти Абдулазиз Шукуров, як афсари бознишастаи вазорати мудофиаро овардааст, ки гуфтааст, «18 июли соли 1996 ба маҳали хизмат рафта истода будам, ки дар назди таваллудхонаи №3-и маҳаллаи 103-юи микрорайон аз тарафи шахсони номаълум ба ҷониби мо ҳамла сурат гирифт. Садои таркиши гранатамёт шунида шуд. Дар таги автобус норинҷак таркид. Афтобус баъди 40-45 сония мавриди тирборон қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 1 нафар ҳалок ва 9 нафари дигар захмӣ гардиданд. Шахсан ман аз се ҷойи баданам ярадор шудам.

Ҳоло ҳам захми пораҳои норинҷак дар дастам аёнанд

."

Кумитаи амният айни замон бо нашри ин баёнияи расмӣ дар рӯзи 14-уми ноябр дигарбора Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба идомаи талошҳо барои харобкорӣ ва ноамн кардани Тоҷикистон муттаҳам кардааст.

Ҳизби мазкурро соли 2015 баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода созмони террористӣ эълон карданд ва фаъолияташ ҳам мамнӯъ шуд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳизб ҳидоятгари ошӯби моҳи сентябри он сол буд. Раҳбарони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа ҳастанд, ин иддаоро беасос номида ва рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG