Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё мегӯяд, зоҳиран манбаи "Новичок"- ро пайдо кардаанд


Маъмурони пулиси зиддитеррористии Бритониё мегӯянд, ки зоҳиран манбаи заҳри қотили “Новичок”-ро пайдо карданд, ки як занро кушт ва шавҳарашро сахт бемор кард.

Дар баёнияи расмии пулис аз рӯзи 13-уми июл омадааст, як зарфи хурди шишагиро аз хонаи Чарли Роули яке аз осебдидагон дар шаҳри Амесбури пайдо карданд ва донишмандон маълум карданд, ки дар зарф ҳамон моддаи кимиёвии қотилест, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони Ҷанги сард ихтироъ кардааст.

Пулиси Бритониё гуфтааст, ташхисҳои иловагӣ лозим аст, то дақиқ шавад, ки оё моддаи ёфтшуда айни моддаест, ки Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия ва духтараш Юлия Скрипалро заҳролуд кард, ё не. Ин ду нафар моҳи март заҳролуд шуданд.

Чарли Роулии 45-сола, шарики Давн Старгесси 44-сола буд, ки як ҳафта баъд аз олуда шудан ба Новичок ҳалок шуд. Мақомоти Бритониё Русияро ба истифодаи Новичок муттаҳам карданд, Маскав ин иддаоро беасос хондааст.

XS
SM
MD
LG