Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Трамп дар бораи "душман набудани Русия" хашми Маккейнро овард


Арзёбии президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи Русия, ки ин кишварро, “на душман”, балки “як рақиб” номидааст, боиси хашми бархе давлатмардон дар Вашингтон шуд. Чанд узви Сенат рӯзи 12 июл гуфтанд, ки аз талошҳои нодида гирифтани бархе каҷрафториҳои Русия нигарон ҳастанд ва аз Трамп хостанд, ки дар ҷараёни музокироташ бо президенти Русия Владимир Путин дар Ҳелсинкии Финляндия рӯзи 16 июл “чандон нарм” набошад.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн гуфт, “Путин на дӯст ва на рақиби Амрикост. Путин як душмани Амрикост ва на ба он хотир, ки инро дили мо мехоҳад, балки ба он хотир, ки ин хости худи ӯст”. Бо чунин изҳорот Маккейн дар назди Кумитаи хадамоти низомии Сенат суханронӣ кард. Вай гуфт, ки “ин ба худи Трамп бастагӣ дорад, ки аз Путин барои корҳои кардааш дар нишасти Ҳелсинкӣ суол кунад”.

ИМА Русия ва Путинро барои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ва ғасби нимҷазираи Қрим ва ҷонибдорӣ аз ҷудоиталабони шарқи Украина муттаҳам мекунад. Маскав ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG