Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз кӯчаҳои Тошкандро ба номи Чингиз Айтматов гузоштанд


Шӯрои вакилони халқии шаҳри Тошканди Узбекистон кӯчаи Бодомзори ноҳияи Юнусободи ин шаҳрро ба номи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов гузошт. "Имрӯз, ки дар таърихи муносибатҳои узбекҳову қирғизҳо саҳифаи нав боз шудааст, осори бадеии Чингиз Айтматов барои халқҳои мо аҳамияти бештар касб мекунад", - омадааст дар қарори роҳбари Узбекистон.

Чингиз Айтматов дар Узбекистон бо орденҳои "Дӯстлик" (1995) ва "Буюк хизматлари учун" (1998) қадр шудааст. Пештар аз ин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чорабиниҳои таҷлил аз 90-солагии зодрӯзи Айтматовро дар Узбекистон тасдиқ кард. Зодрӯзи нависандаи қирғиз 12 декабр таҷлил мешавад.

Дар доираи таҷлил аз солгарди нависанда дар Узбекистон китоби хотиравии "Чингиз Айтматов ва узбекистон" нашр, филми ҳуҷҷатӣ дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёташ сабт шуда, нимпайкараи Айтматов дар мактаби №33 ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд қомат меафрозад.

Видеоҳои охирин

Сергей Матвеев: Мо наҷот ёфтем, вале дӯстони мо ҳалок шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG