Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: кишварҳои узви НАТО харҷҳои низомиро бештар мекунанд


Кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ тааҳуд карданд, ки харҷҳои худро барои мудофиа ба ду дар сади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ боло мебаранд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 12 июл дар нишасти матбуотии Брюссел хабар дод.

Трамп ба суоли хабарнигорон, ки оё ӯ воқеан ҳам кишварҳои узви паймонро бо хориҷ шудани Амрико аз НАТО таҳдид кардааст гуфт, тааҳуди Амрико дар баробари НАТО пойбарҷо хоҳад буд. Вай гуфт, ки дар ин ҳолат муносибат ба ИМА "одилона" мешавад.

"НАТО ҳоло дигар як мошини хуб амалкунанда аст. Мардум пулеро пардохт мекунанд, ки дар гузашта намедоданд ва онҳо ҳам аз ин чиз розӣ ҳастанд. Ва ҳоло муносибат ба ИМА ҳам дигар аз рӯи адолат аст".

Ба думболи лаҳни шадиди Трамп дар баробари кишварҳои узви НАТО дар Брюссел, ҷаласаи бидуни пешбинӣ дар паси дарҳои баста баргузор шуд.

Манобеи Reuters мегӯянд, ки Трамп шариконашро бо хуруҷи Амрико аз паймон таҳдид накард. Аммо президенти ИМА кишварҳои узвро барои сарпечӣ аз пардохти пурраи ҳақи аъзогӣ ба буҷаи умумии НАТО шадидан интиқод ва талаб кард, ки харҷҳои мудофиаро бештар кунанд.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG