Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олмон ба як зани неофашист ҳукми абад дод


Беата Зшапе
Беата Зшапе

Додгоҳи Олмон рӯзи чоршанбе Беата Зшаперо барои 10 мавриди куштор дар ҳайъати гурӯҳи неофашистӣ муҷрим эълон кард ва ӯро барои якумр ба зиндон фиристод. Ба ин тартиб, додгоҳ ба зани неофашист тулонитарин ҳукмро раво дид. Дар ин бора хабаргузории Reuters аз Мюнхен гузориш дод.

Додгоҳ муайян кард, ки Зшапе як бахши гурӯҳи пинҳонкори Натсионал-сотсиалист буд, ки аъзоёнаш дар тӯли 7 сол, аз соли 2000, ҳашт турк, як юнонӣ ва корманди пулиси Олмонро қатл карданд.

Беата Зшапе иштирокаш дар кушторҳо бо ду марди дигар- Уве Бёнҳартом ва Уве Мандлосомро рад кард. Ин ду нафар соли 2011 ҳангоми ошкор шудани дастаи неофашистӣ худкушӣ карданд. Беата Зшапе тавассути вакилаш гуфтааст, ки худро аз ҷиҳати маънавӣ гунаҳкор медонад, зеро натавонист аз ин кушторҳо пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG