Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мемориал": маҳбусони сиёсии туркман бори нахуст наздиконашонро диданд


Зиндоне дар Туркманистон
Зиндоне дар Туркманистон

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ - "Мемориал" рӯзи 10 июл гуфт, ки Туркманистон бори нахуст ба даҳҳо маҳбус, аз ҷумла зиндониёни сиёсии маҳбаси Овадан-теппа иҷозат дод, ки бо пайвандонашон мулоқот кунанд.

Дар миёни ин маҳбусон чаҳор тане низ ҳастанд, ки дар доираи парвандаи "созмони нурҷулар" барои омӯзиши таълимоти руҳонии турк Саид Нурсӣ зиндонӣ шудаанд. Бархе аз ин афродро моҳҳои май июни соли 2017 дар вилоятҳои Марӣ ва Балкан дастгир карданд.

"Тавре як манбаи муътамад иттилоъ дод, 28 июни соли 2018 беш аз 30 хешованди маҳбусони маҳкум ба "тундгароии исломӣ" бо автобус аз шаҳри Ишқобод ба маҳбаси Овадан-теппа интиқол дода шуданд. Маҳбусон баъд аз зиндонӣ шудан бори нахуст тавонистанд, 40 дақиқа бо наздикону пайвандони худ аз пушти оина суҳбат кунанд", - омадааст дар изҳороти "Мемориал".

Маҳбаси Овадан-теппа дар 70-километрии пойтахти Туркманистон ҷойгир буда, бо қоидаҳои сангини худ маъруф аст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба ин зиндон асосан шахсоне интиқол меёбанд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

"Мемориал" мегӯяд, дар Туркманистон ҳанӯз ҳам тақдири садҳо нафаре номаълум аст, ки солҳои гуногун бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуданд. Танҳо ба иттилои маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", дар зиндонҳои Туркманистон 113 ҳолати бедаракшавии маҳбусон сабт шудааст. Тайи ду соли ахир ҷасади чанд тани онҳоро ба наздиконашон супурданд.

XS
SM
MD
LG