Пайвандҳои дастрасӣ

Санҷиши молии КВН, вале бидуни Мирсаидов


Хайрулло Мирсаидов.

Санҷиши молии "Маҳфили ҳозирҷавобон" ё КВН-и Тоҷикистонро бо дархости мақомоти додситонӣ, як ширкати маҳаллии аудиторӣ ва Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, анҷом додаанд. Санҷишгарон дар ҳисоботи хароҷоти маблағҳои аз будҷа барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардида аз ҷониби раҳбари он журналист Хайрулло Мирсаидов, ҳудуди 124 ҳазор сомонӣ "қарз"-ро ошкор кардаанд.

Ва бори аввал ҳамчунин гуфта шуд, ки худи ӯ низ беш аз 17 ҳазор сомонӣ барои иштироки маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик дар Русия масраф карда, вале он бино ба пешбинӣ нашуданаш дар харҷнома, ба назари эътибор гирифта нашудааст. Дар назар гирифтани он, "қарз"-и Мирсаидов дар назди будҷаро камтар хоҳад кард.

Санҷиш ё аудити молии КВН, вале бидуни иштироки Мирсаидов

Додгоҳи Хуҷанд пас аз як ҳафтаи таваққуф, сешанбеи 4-уми июл се санҷишгар ё аудитореро, ки санҷиши молии КВН-и Тоҷикистон дар 3 соли фаъолияти он, аз охири соли 2014 то соли 2017 анҷом додаанд, бозпурсӣ кард. Хуршед Очилов, мутахассиси ширкати маҳаллии “Аудит 2015” гуфт, ки санҷиши молии КВН-и Тоҷикистон "бо супориши додситонӣ" анҷом гирифт ва дар он худи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари "Маҳфили ҳозирҷавобон", иштирок надошт.

Ба қавли Очилов, мутахассисони ин ширкат танҳо ҳисоботи хароҷотеро, ки Мирсаидов ба раёсати ҷавонон пешниҳод карда буд, мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин ширкати аудиторӣ, дар ҳисоботҳои Мирсаидов беш аз 65 ҳазор сомонӣ норасоии маблағҳои аз будҷа барои фаъолияти КВН ҷудогардидаро ошкор кардааст.

Хайрулло Мирсаидов гуфт, чун ин санҷиш бидуни иштироки ӯ ва танҳо дар асоси маводи пешниҳодкардаи додситонӣ доир гардид, ӯ натиҷаи онро қабул карда наметавонад. Ӯ чандин мавридҳоеро ёдоварӣ кард, ки ӯ аз рӯи зарурат барои ҳунарнамоии КВН дар Русия ва аъзои он маблағ масраф карда, вале аз сӯи санҷишгарон ба назари эътибор гирифта нашудааст.

Қабл аз ин сармуҳосиби раёсати ҷавонони Суғд дар додгоҳ гуфта буд, ки дар поёни соли 2017 ва то замони боздошташ, Хайрулло Мирсаидов тамоми ҳисоботҳои хароҷоти КВН-и Тоҷикистонро супорида, “қарз”-и ӯ ҳудуди 17 ҳазор сомонӣ маблағ бароварда шудааст. Мирсаидов ваъда кардааст, ки онро ҳам пешниҳод мекунад, вале ба сабаби дар моҳи декабр боздошт шуданаш натавонист, ин корро анҷом диҳад.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов гуфт, агар тибқи қонун худи айбдоршаванда Мирсаидов низ ба санҷиш ҷалб мешуд, он гоҳ даст надоштани ӯ дар "исроф ва аз худкунии маблағҳои будҷа" исбот мегардид ва зарурати ӯро дастгир ва айбдор кардан аз байн мерафт.

Баҳси пардохти гонорар ба муаллифони хориҷӣ

Муҳаммадодил Қобилзода, мутахассиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, ки низ санҷиши молии КВН-и Тоҷикистонро анҷом додааст, ба ҳайси шоҳид дар додгоҳ гуфт, ӯ сарфи 976 ҳазор маблағҳои аз будҷа барои иштироки КВН-и Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Сочи ва Маскав ҷудогардидаро санҷида, 123 ҳазор сомонӣ камбуд маблағро ошкор кардааст. Мақомоти молия тавассути Раёсати ҷавонони Суғд маблағҳои барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардидаро ба корди пластикии Мирсаидов интиқол додаанд.

Ӯ гуфт, камбуд дар ҳисоботи хароҷоти маблағ дар пардохти ҳаққи будубоши шабонарӯзии аъзои КВН, пардохти дастмузд (гонорар) барои муаллифони руси саҳнаҳои ҳаҷвӣ, кирои манзил ва мисли инҳо, ошкор шудааст.

Ҷаноби Қобилзода ба таъкид гуфт, аъзои КВН бояд сарпараст меҷустанд ва маблағ барои саҳначаҳои ҳаҷвиии худро пайдо мекарданд. Ҷаноби Қобилзода пурсид, чаро ба хориҷиҳо гонорар пардохт шудааст Хайрулло Мирсаидов гуфт, ин ҳаққи вазорати фарҳанг аст, ки посух диҳад ба муаллифони кишварҳои дигар низ гонорар пардохт кардан мумкин аст ё хайр.

Аз лаҳни ҷаноби Қобилзода маълум буд, пардохти 100 ҳазор рубл ва ба қавли худи Мираидов, 300 ҳазор рубл маблағ буҷаи вилояти Суғд ба ҳаҷвнависони рус барои навиштани саҳначаҳо барои КВН-и Тоҷикистон мақомоти тафтишотиро хуш наомадааст.

Имрӯзи 5-уми июл додгоҳ бозпурсии намояндаи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар робита ба ин санҷишро, идома медиҳад.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG