Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз тасмими харидории автобусҳои даҳмиллионсомӣ даст кашид


Мақомоти Бишкек тасмим гирифтанд, барои харидани 350 автобуси нав аз ширкати русии "Газпромбонк" 3,5 миллиард сом қарз нагиранд. Дар шаҳрдории пойтахти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ин бора маҷлиси шаҳрӣ тасмим гирифтааст. Имкони харидани автобусҳо бо манобеи худӣ баррасӣ мешавад.

Қарор буд, автобусҳои нав, ки ҳар як тоаш 10 миллион сом (ҳудуди 140 ҳазор доллар) арзиш доранду бо газ ҳаракат мекунанд, то охири моҳи июл вориди Қирғизистон шаванд.

Маҷлиси шаҳрии Бишкек 22-юми декабри соли 2017 пешниҳоди гирифтани қарз барои нав кардани парки автобусҳои шаҳрро дар пайи баҳсҳои зиёд қабул кард. Ин қарз - 3,5 миллиард сомро бояд "Газпромбонк" медод ва Бишкек то соли 2025 онро бо фоизаш бармегардонд, ки ҷамъан ба беш аз 5 миллиард сом мерасид.

Муовини сардори Идораи нақлиёти Бишкек Нурлан Атиконов мегӯяд, вакилони маҷлиси шаҳрӣ тасмими худро бекор карда, гуфтанд, ки беҳтар аст, автобусҳо бо пулҳои буҷа харидорӣ шаванд.

"Тасмим гирифта шуд, ки қарз нагирем. Вакилони маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод карданд, ки барои харидории автобусҳо аз буҷаи шаҳрӣ ё ҷумҳуриявӣ пул гирифта шавад. Ин масъаларо тобистон баррасӣ хоҳанд кард", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG