Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон чанд соат дар торикӣ монд


Субҳи 3 июл барқ дар Озарбойҷон комилан қатъ шуд, аммо мақомот мегуянд, ки таъминоти энержӣ дар саросари кишвар тадриҷан барқарор мешавад.

Сабаби қатъ шудани барқро мақомот таркиш дар пойгоҳи воқеъ дар шаҳри Мингачевир шарҳ доданд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Озарборйҷон мегӯяд, бинобар гармои шадид сокинон ба таври густарда кондитсионер истифода карданд ва сохтори барқ аз кор баромада, садамаро ба вуҷуд овард.

Қатъи барқ сокинони Бокуро соатҳо дар торикӣ қарор дод. Аммо ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳур таъмини барқ соати 3-и субҳ дубора барқарор шуд.

Маркази обуҳавошиносӣ сатҳи гармии рӯзи сешанберо 43 дараҷа пешгӯӣ кардааст, ки ин бори пойгоҳҳои тавлиди барқро боз ҳам сангинтар мекунад.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон мегӯяд, ки оташнишонҳо вазъро дар пойгоҳи Мингачевир таҳти назорат гирифтанд. Ба гуфтаи вазорат дар ин ҳодиса касе кушта ё захмӣ нашудааст.

Яҳё Бабанлӣ, сухангӯи "Азерэнежӣ" - ниҳоди таъминкунандаи барқ дар кишвар ба шабакаи телевизионии Real TV гуфт, ки Озарбойҷон талош дорад аз Гурҷистон ва Русия барқ ворид кунад.

XS
SM
MD
LG