Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркия даҳҳо фоҳишаи узбекистониро боздошт кард


Дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Туркия дар шаҳрҳои Болу, Аланя ва Трабзон даҳҳо фоҳиша аз Узбекистон боздошт шуд.

"Занҳои боздоштшударо ба санҷиши тиббӣ бурданд ва баъдан ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷират интиқол доданд. Баъди депорт шудан, онҳо ҳақ надоранд, дар панҷ соли оянда вориди Туркия шаванд", - гуфт Метин Каратош, як корманди ниҳоди қудратии шаҳри Болу.

Тамоми иттилоъ дар бораи ин занҳо ба сафорати Узбекистон дар Туркия фиристода шуд. "Занҳои боздоштшуда шиносномаҳои Узбекистонро доранд. Айсара Р. як зани 49-солаи узбек ба фурӯши духтарон машғул буд", - гуфт Маҳмад Топал, як мақомдори пулиси Аланя.

Як манбаъ аз сафорати Узбекистон дар Туркия ин иттилоъро тасдиқ кард.

"Миёни Туркия ва Узбекистон дар ин самт ҳамкорӣ идома дорад. Сафорат инкор намекунад, ки бархе аз шаҳрвандони мо дар ин кишвар ба танфурӯшӣ машғуланд. Дар сурати зарурат мо ба ин шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ мерасонем", - гуфт манбаи сафорат.

XS
SM
MD
LG