Вазири умури дохилии Олмон Ҳорст Зееҳофер ва садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел дар робита ба масъалаи муҳоҷират ба созиш расиданд. Ба навиштаи сомонаи "Deutsche Welle", Зееҳофер дар ин бора шаби гузашта хабар дод. Ин сиёсатмадори Олмон тарафдори шадид шудани сиёсати муҳоҷират аст.
Баъди музокироти бошиддати байни Иттиҳоди месеҳиву демократӣ, бо сарварии Ангела Меркел ва Иттиҳодди масеҳиву сотсиалии Ҳорст Зееҳофер, тарафҳо ба созиш расиданд, ки чӣ тавр дар оянда аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марзи Олмон бо Австрия пешгирӣ кунанд. Рӯзи гузашта вазири умури дохилии Олмон ва раҳбари Иттиҳоди масеҳиву сотсиалӣ, ҳушдор дод, ки аз ҳарду мақом истеъфо медиҳад.
Меркел натиҷаи музокиротро "созиши хуб" унвон кард. Аз ҷумла қарор шудааст, ки дар Олмон марказҳои тронзитии паноҳандагон таъсис ёбад. Паноҳандагоне, ки дар кишварҳои дигар сабти ном шудаанд, ба ин марказҳо интиқол меёбанд ва баъдан ба кишварҳои марбутаи Иттиҳоди Аврупо фиристода мешаванд.
Моҳи июн Зеерҳофер аз Меркел шадид шудани сиёсати муҳоҷират ва назорати бештар бар марзҳои Олмонро талаб кард. Ба гуфтаи Reuters, сарфи назар аз чораҳое, ки дар ҷаласаи ахир бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг шуд, раҳбари Иттиҳоди масеҳӣ ва сотсиалӣ роҳе ба ҷуз берун кардани бахше аз муҳоҷирон аз Олмонро намебинад. Меркел ин дархостро хилофи меъёрҳои паноҳҷӯӣ дар Аврупо ва беадолатӣ дар баробари кишварҳое мисли Италия ва Юнон медонад.