Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Трамп мехоҳад нахуст бо Путин як ба як мулоқот кунад


Сӯҳбати Трамп бо Путин дар ҳошияи нишасти G-20 дар Олмон. Июли соли 2017

Дар нишасти ИМА ва Русия дар Ҳелсинки, ки ба таърихи 16 июл барномарезӣ шудааст, прзидент Доналд Трамп мехоҳад нахуст бо Владимир Путин як ба як мулоқот кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 2 июл бо такя ба манбаи наздик ба Трамп хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, мулоқоти танҳо ба танҳо бояд то ҳамроҳ шудани ёварони раисони ҷумҳур ба гуфтугӯ баргузор шавад.

Мулоқот дар Финландия аввалин дидори расмии раисони ҷуҳмури ИМА ва Русия дар сатҳи олӣ аст.Трамп ва Путин дар гузашта дар долонҳои нишастҳои байналмилалӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.

Дар ҷараёни мулоқоти таърихии худ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун, Трамп нахуст бо ӯ як ба як ва танҳо бо ҳузури тарҷумҳонҳо гуфтугӯ кард. Ӯ баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки мулоқот " бисёр хуб" гузашт. Дар мавриди Путин бошад ӯ гуфтааст, мехоҳад вақти бештарро барои рушди равобит ду раҳбар сарф кунад, - гуфт манбае, ки бо барномаи мулоқотҳо ошноӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Путин куштори Керчро ҷиноят номид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG