Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як руҳонӣ барои ҳифзи навори фаҳшо бо иштироки кӯдакон


Руҳонии итолиёвӣ ва собиқ дипломат Карло Алберто Капелла барои ҳифзу нигаҳдории наворҳои фаҳшо бо иштироки кӯдакон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд.

Капелла ба гуноҳи худ иқрор карда, дар Додгоҳи Ватикан гуфтааст, ҳангоми кор дар Вашингтон дучори буҳрон шуда буд.

Департаменти давлатии Амрико моҳи августи соли 2017 Ватиканро огоҳ кард, ки эҳтимол яке аз кормандони сафораташ дар Вашингтон навори фаҳшо бо иштироки кӯдаконро нигоҳ медорад.

Баъди як ҳафтаи он мақомоти Амрико хостанд, ки масунияти дипломатии Капелла лағв шавад. Ватикан ин корро накард, аммо Капелларо ба Рум бозхонд.

Шоҳиди қазия гуфтааст, ҳангоми санҷиши дастгоҳҳои электронии Капелла беш аз 40 акси мамнуъ ва видеоҳои фаҳш бо иштироки кӯдаконро ёфтааст.

Би-би-сӣ мегӯяд, руҳонӣ Капелла муҳлати ҷазояшро дар як зиндони кӯчаки Идораи пулиси Ватикан паси сар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG