Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ гуфт, ки 45 ҷангҷӯи ДИИШ-ро дар Сурия кушт


Артиши Ироқ гуфт, ки 45 ҷангҷӯи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ба шумули раҳбарони аршадаш, дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шарқи Сурия кушта шуданд.

Дар иттилоияи расмӣ омадааст, артиши Ироқ рӯзи 22-юми июн ҷангҷӯёни ДИИШ-ро дар вилояти Дейр-аз-Зур, наздикии сарҳади Ироқ, бо истифода аз ҳавопаймоҳои F-16 бомбаборон кардааст.

Аз моҳи апрели имсол ба ин тараф нирӯҳои ҳавоии Ироқ чанд ҳамларо алайҳи минтақаҳои таҳти назорати гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG