Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Русия хост, ҷилави артиши Сурияро бигирад


Иёлоти Муттаҳида ба Русия ҳушдор додааст, то ҷилави ҳамлаҳои артиши Сурияро дар минтақаҳои ҷануби ғарби ин кишвар, дар он ҷое ки оташбас эълон шудааст, бигирад. Ин ҳушдор пас аз нашри гузорише дода мешавад, ки гӯиё нирӯҳои ҳукумати Сурия ҳамлаҳои худро дар минтақаҳои шӯришиён дар ҷануби ғарби ин кишвар, ки соли гузашта минтақаи амн эълон шуда буд, афзоиш додааст.

Нозирони ҷанги Сурия ва мақомҳои шӯришиён гуфтаанд, чархболҳои давлатӣ рӯзи 22-юми июн манотиқи шӯришиёнро ҳадаф қарор додаанд.

Ин иқдоми ҳукумати Сурия бо вуҷуди ҳушдори батакрори Амрико дар бораи зарурати татбиқи мувофиқатномаи байни Маскав ва Вашингтон дар мавриди оташбас дар ин минтақа сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ваъда додааст, минтақаи марзӣ бо Урдун ва Исроилро дубора тасарруф мекунад.

XS
SM
MD
LG