Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 90 кило бангдона дар шимоли Тоҷикистон


Маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз мавзеи Чойрухдарон беш аз 87 кило маводи мухаддир дарёфт кардаанд.

Дар осорхона айни замон 15 экспонат гирд оварда шудааст: шурӯъ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар дохили тӯби теннис то пошнаи пойафзол ва тубаки хамираи дандоншӯӣ.

Масъулони Оҷонсӣ кашфи ин миқдор маводи мухаддирро тасдиқ карда, аммо аз гуфтани ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд.

Навбатдори раёсати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, "маводи мухаддир аз 87 килову 500 грамм бангдона (канабис) иборат буда, аз мавзеи Чойрухдарони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ёфт шуд ва мусодира гардид".

Ҳамсуҳбати мо дар ин раёсат гуфт, пас аз дарёфт кардани ин миқдор маводи мухаддир Оҷонсӣ бар асоси моддаи 200, қисми 4, банди (б)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” парванда боз кардааст. "То ба ҳол шахсияти қочоқбар маълум нест. Парванда аз рӯи ҳолат боз шуда, тафтишот идома дорад", - гуфтанд дар раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Суғд.

Зимнан, қочоқбарон роҳу усулҳои нави интиқоли маводи мухаддирро кашф мекунанд. То кунун мақомот аз интиқоли маводи мухаддир дар дохили чормағз, карам ва ё бо истифода аз дронҳо хабар дода буданд.

Нодиртарин ҳолатҳои тарзи интиқоли маводи мухаддиро кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар як осорхона ҷамъ овардаанд. Дар ин осорхона айни замон 15 экспонат гирд оварда шудааст: шурӯъ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар дохили тӯби теннис то дохили пошнаи пойафзол ва тубаки хамираи дандоншӯӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол садҳо кило маводи мухаддирро оташ мезананд
Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол садҳо кило маводи мухаддирро оташ мезананд

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз тавлидкунадагони бузурги маводи мухаддир ба шумор меояд, 1344 километр марзи муштарак дорад. Яке аз амалиёти бузурги боздошти маводи мухаддир дар марз ҳафтае қабл рух дод.

Дар се ҳодисаи ҷудогона дар гузаргоҳи Ҳамадонӣ ва Панҷ қочоқбарон бо марзбонон даргир шуданд. Аз оташи ҷавобии марзбонони тоҷик кочоқбарон фирор карда, ҳудуди 60 кило ҳашиш аз онҳо мусодира карда шудааст.

Бино ба омори интишоркардаи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ҳар сол дар Тоҷикистон аз 800 то 1000 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор ошкор шуда, аз муомилоти қайриқонунӣ то 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG