Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The New-Times қурутоби тоҷикиро муаррифӣ кард. ВИДЕО


Нашрияи бонуфузи амрикоӣ бо нашри чанд акс аз тарабхонаи нави “Душанбе кафе” дар маркази тиҷоратии ИМА, амрикоиҳоро ба чашидани қурутоби тоҷикӣ даъват кард. Нашрияи The New-Times рӯзи 22 июн дар саҳифаи интернетии худ ба шеваи таҳияи ин ғизои мардуми тоҷик пардохта гуфтааст, ки ин ғизоест, ки "танҳо дар дастурхони мардуми Тоҷикистон пайдо мекунед". “Фатир - як бахши муҳими ин ғизо ва ҳам қурут дастӣ омода ва дар табақи чӯбӣ кашида мешавад”, мегӯяд муаллифи ин матлаб.

Шаҳри Ню-Йорк яке аз серрангтарин маконҳои дунё аст, ки ғизоҳои миллии мардумони саросари ҷаҳонро дар он пайдо кардан мумкин аст. Таъсиси ошхонаи вижаи тоҷикӣ дар ин шаҳр яке дигар аз талошҳои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ барои муаррифии ғизоҳои тоҷикӣ гуфта мешавад.

Аммо ин нахустин тарабхонаи ғизои тоҷикӣ нест, ки дар Амрико амал мекунад. Даҳсолаҳо пеш дар шаҳри Боулдери Амрико чойхонаи тоҷикӣ таъсис шуд. Тасмими бунёди чойхонае бо ороишоти вижаи тоҷикӣ соли 1983 дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкориҳои фарҳангии Душанбеву Боулдер, ки он замон ин ду шаҳр мақоми бародаршаҳрро гирифтанд, қабул шуд. Ин чойхона имрӯз ҳам фаъолият мекунад ва яке аз ҳадафҳояш таблиғи фарҳанги тоҷикӣ дар Амрико мебошад.

Муаррифии қурутоб дар нашрияи амрикоӣ дар ҳолест, ки моҳи феврали имсол дар таҳқиқоти Давлаталӣ Давлатзода, яке аз бунёдгузорони Ҳизби Халқии Демократӣ бо номи “Мусалмонон. Таърихи воқеии инкишоф ва таназзул” таърихчаи эҳтимоли пайдоиши қурутоб зикр шуд. Дар ин таҳқиқот гуфта шуд, ки қурутоб ба фарҳанги тоҷикон аз замони истилои муғулҳо ворид шудааст. Ин андеша баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Ҷанги қурутоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

XS
SM
MD
LG