Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нозир"-и Тошкандро ду сол зиндонӣ карданд. ВИДЕО


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон баррасии парвандаи ҷиноятии Аббос Хоҷаев - як соҳибнуфузи ҷиноиро, ки "нозир"-и Тошканд номида мешавад - ба охир расонд.

Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 21 июн хабар дод, ки додгоҳ баъди баррасии нӯҳмоҳа ниҳоят қарори худро содир кард.

"Додгоҳ Хоҷаевро дар "Тамаъҷӯӣ" айбдор ва ду сол зиндонӣ кард", - хабар дод як масъули расмии Додгоҳи олии Узбекистон.

Расонаҳо ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар бораи боздошти Аббос Хоҷаеви 33-сола хабар дода буданд.

Вазифаи нозир дар олами ҷиноӣ аз иҷрои масъулиятҳоии назорат аз кору даромад ва муносибатҳои байни аъҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ иборат аст. Ин вазифа дар миёни ҷинояткорон мӯҳтарам ба ҳисоб меравад.

Саҳнаи ҳабси як ҷинояткори бонуфуз дар Тошканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

XS
SM
MD
LG