Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Япония се нафар ҷон дод. ВИДЕО


Рӯзи якшанбе дар натиҷаи заминларзаи баробар бо 6,1 дараҷаи Риҳтер дар шаҳри ғарбии Осакаи Япония се нафар ҳалок шуд. Ба қавли хадамоти наҷот, дар ин ҳодиса беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Телевизиони NHK иттилоъ медиҳад, ки духтаре зери девори бетонӣ кушта шуд, ҷасади марди солхӯрдае дар зери вайронаҳои манзилаш ёфт шудааст. Бар илова ҷасади мардеро дар хонааш пайдо кардаанд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лазҳаи заминларзаро ҷой додаанд. Сарвазири Япония Синдзо Абе мегӯяд, вазифаи аввалиндараҷа таъмини амнияти мардум дар манотиқи офатзада аст. Ба гуфтаи мансабдорон, бар асари заминларза таъмини нерӯи барқ дар тахминан 170 ҳазор хонавода қатъ шудааст.

Дар беш аз 100 ҳазор хонавода таъмини гази табиӣ мутаваққиф гардида, рафтуомади қаторҳои маҳаллии роҳи оҳан манъ шудааст. Ширкатҳои бузурги саноатии мисли “Панасоник” ва “Дайҳатсу” истеҳсолотро мутаваққиф карданд. Ҳавосанҷҳо мегӯянд, ки рӯзҳои наздик борону сел пешбинӣ шуда, эҳтимоли фаромадани ярч бузург аст. Бар иловаи Осака, дар заминларзаи рӯзи 18-уми июн шаҳрҳои Киото, Нара, Ҳиго ва Сигаи Япония зиён диданд.

Заминларзаи ҳалокатбор дар Япония(Ҷопон)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

XS
SM
MD
LG