Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди шаҳрдори пешини шаҳри Бишкек як парвандаи дигар боз шуд


Нисбати Кубаничбек Қулматов, раиси пешини шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвандаи дувум бо айби "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "убури ғайриқонунии марз" таъсис шуд. Дар ин бора рӯзи 18 июн дар додгоҳи шаҳрии Бишкек хабар доданд.

Вакили дифои Қулматов Сергей Слесарев гуфт, дар бораи парвандаи дувум дар додгоҳ хабар ёфтааст. Додситон хабар дод, ки парвандаи дувум 14 июн таъсис шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дод, ки Қулматов соли 1995 баъди гум кардани шиносномаи шаҳрвандии СССР шиносномаи шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, ҳамзамон шаҳрванди Русия шудааст. Аммо соли 1996 вай бо шиносномаи "гумшуда"-и СССР шаҳрвандии Қирғизистонро ғайриқонунӣ соҳиб гаштааст.

Қулматов дар солҳои 2001, 2003 ва 2013 чанд маротиба маълумоти шиносномаҳояшро иваз кардааст.

Додгоҳи шаҳрӣ қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкекро дар мавриди ба ҳабс гирифтани Қулматовро бе тағйир боқӣ гузошт. Мақомот ӯро 5 июн ба ҳабс гирифтанд.

Вай бар асоси парвандаи аввал дар фасодкорӣ айбдор мешавад. Мақомот манзили ӯро кофтукоб ва амволашро ҳабс карданд.

Қулматов айбҳои эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG