Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Скопйе аз тағйири номи Македония норозӣ ҳастанд


Садҳо нафар дар кӯчаҳои шаҳри Скопйе, пойтахти Македония аз имзо шудани созиш бо Юнон дар заминаи тағйири ном кардани ин кишвар эътироз карданд. Созиши мазкурро вазорати хориҷаи Македония ҳам имзо кард. Ин санадро нуқтаи ниҳоӣ дар баҳси 27-солаи сари номи кишвар арзёбӣ мекунанд. Вале эътирозгарони норозӣ, ки рӯзи 17 июн ба хиёбонҳои Скопйе рехта буданд, аз он ки номи Македония, як ҷузви кишвари собиқи Югославияи собиқ ба Македонияи Шимолӣ тағйир меёбад, шадидан мухолифат карданд.

Созиш дар соҳили дарёи Преспа имзо шуд, ки ҳамчун марзи ҷудокунандаи хоки Юнон аз Ҷумҳурии Македония маҳсуб мешавад. Тағйири ном шудани кишвар роҳи онро ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО боз мекунад. Вале миллатгароҳо дар ҳарду кишвар шадидан мухолифи тағйирот ҳастанд. Созиши басташударо ҳоло бояд парлумонҳои ду кишвар тасвиб кунанд ва дар Македония президент гуфтааст, ки агар ҳам парлумонаш бо ин санад мувофиқат кард, худи ӯ ин тасмимро вето мекунад. Шоми 17 июн баъди он ки эътирозгарон хостанд саддҳои пеши парлумони Македонияро бардошта убур кунанд, полис аз норинҷакҳои рӯшанидиҳанда ва ҳам гази ашковар истифода кард.

XS
SM
MD
LG