Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Афғонистон оташбасро тамдид кард, Толибон чӣ?


Эълони тамдиди муҳлати оташбас бо Толибон аз тарафи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо истиқболи гарм дар ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд.

Майк Помпео, вазири корҳои Амрико, рӯзи 16-уми июн аз пешниҳоди ҳукумати Афғонистон барои оғози музокирот бо Толибон ҳимоят кард.

Вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон низ дар эъломияе аз дароз шудани муҳлати оташбас дар Афғонистон ситоиш кардааст. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, маъмурияти ҳимояти қотеъ ва Иттиҳодияи Аврупо низ аз тамдиди оташбас бо Толибон истиқбол кардаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе дар суханронии худ ба нирӯҳои афғон гуфт, аз рӯзи чаҳоруми иди сайиди Фитр оташбасро бо Толибон дароз кунанд. Вай аз Толибон ҳам хост, ки оташбасро тамдид намоянд.

Толибон, ки оташбаси серӯзаашон бо ҳукумати Афғонистон рӯзи 17-уми июн ба роён мерасад, ҳанӯз дар мавриди дархости нави Ашраф Ғанӣ чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG