Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп боздошт шуд


Пол Манафорт
Пол Манафорт

Додгоҳи федеролӣ дар Амрико рӯзи 15-уми июн Пол Манафорт, собиқ раҳбари ситоди интихоботии президент Доналд Трампро то замони шурӯи мурофиа ба ҳабс гирифт. Ҳафтаи гузашта Робет Мюллер, прокурори вижа, алайҳи Манафорт бо иттиҳоми “талоши харидани шоҳидон” айб эълон кард.

Пол Манафорт шахси калидӣ дар таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури инихоботи президентии соли 2016 дар Амрикост.

Аммо ӯ иттиҳоми Мюллерро дар додгоҳи канораи Вашингтон рад кард. Бо ин ҳол, додгоҳ қарори пешинаашро дар бораи бо замонат дар озодӣ будани Пол Манафортро бекор намуд ва ӯро ба ҳабс гирифт.

Ба қавли додгоҳ, Манафорт то мурофиаи додгоҳӣ, ки ба моҳи сентябри имсол таъйин шудааст, дар боздошт хоҳад монд.

Рӯзи 8-уми июн Пол Манафорт ва ёвари ӯ дар умури сиёсӣ Константин Килимник ба “харидани шоҳидон” муттаҳам шуданд. Онҳо талош кардаанд, шоҳидон дар бораи ҳимояти Манафорт ва Килимник аз манофеи ҳукумати Украина дар замони раҳбарии Виктор Янукович баёнот надиҳанд.

XS
SM
MD
LG