Бар асари омадани сел дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як қисми низомии Вазорати дифои Тоҷикистон ва бархе аз сокинон зарар дидаанд. Мақомот гуфтанд, ки талафоти ҷонӣ нест.
- Субҳи барвақти 15-уми июн сарбозони қисми низомӣ дар Мастчоҳ бо такопӯ аз хоб хестанд. Онҳо гуфтанд, соати сеи шаб сел вориди ин қисми низомӣ шуд ва ягона пули пайвасткунанда бо роҳи асосиро хароб кард.
Навбатдор дод зад, ки хезед сел омад. Зуд бедор шудем, ки аллакай саҳни қисми низомӣ пури об шуда буд.
Ҷамшед Кӯчаков, раиси бахши ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, об ба саҳну майдони варзишӣ ва боғи қисми низомӣ ворид шуда, хисорот расондааст. Баъд аз зуҳри ҷумъа, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ба назди ин қисми низомӣ рафт, сарбозон ҳанӯз ҳам боқимондаҳои селро аз дохили бино ба берун мекашиданд. Дар пайи омадани сел, пул ё роҳи асосии пайвасткунандаи қисми низомӣ бо роҳи асосӣ хароб шуда буд.е
Навбатдор: "Сел омад"
Як сарбози ин қисми низомӣ дар суҳбати бидуни микрофон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, соати 3-и шаб бо садоҳои “об омад, об омад” бедор шуданд. “Навбатдор дод зад, ки хезед сел омад. Зуд бедор шудем, ки аллакай саҳни қисми низомӣ пури об шуда буд. Фақат баъди онки сел купрӯкро канда, роҳашро пайдо кард, воридшавии об ба қисми низомӣ қатъ шуд. Аз саҳар боз обу лойқаро берун мекунем”, - гуфт ин сарбоз.
Сардори бахши ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, ҳодисаи селфароӣ дар пайи боришоти зиёд сар задааст. Ҷамшед Кӯчаков гуфт, боришоти зиёд дар шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ) шуруъ шуда, дар пайи он ба ноҳияи Мастчоҳ сел омад. “Дар минтақаи мо боришот чандон зиёд набуд. Аммо боришот дар минтақаҳои куҳии шаҳри Истиқлол зиёд шудааст ва об аз он тараф калон омад. Сел ҳаргуна партову сангро фаровард ва дар натиҷа пеши пули назди қисми ҳарбӣ банд шуд ва об ба ду тараф сарозер гардид”, - афзуд Ҷамшед Кӯчаков.
Осори сел то шоми 15-уми июн дар атрофи қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Мастчоҳ дида мешуд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мегӯянд, хавф ҳанӯз бартараф нашудааст ва хатари дубора омадани сел ҷой дорад.
“Ду тонна сӯзишворӣ ба об рафт”
Аз сели субҳи 15-уми июн дар Мастчоҳ на танҳо қисми низомии Вазорати дифоъ, балки амволи шаҳрвандон низ осеб дидааст. Аз ҷумла, соҳиби як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мегӯяд, танҳо ӯ дар ин ҳодиса беш аз 15 ҳазор сомонӣ осеб дид.
Мирзомаҳмад Хоҷаев, молики нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сироҷ”, мегӯяд, сел барояшон ғайриинтизор буд ва аз ин ҳисоб натавонист амволи худро наҷот диҳад. Хоҷаев гуфт, дар пайи селхезӣ ду тонна сӯзишвориаш ба об рафт ва нуқтаи фурӯши сӯзишвориаш ҳам муваққатан аз кор монд.
“Дар байни ним соат об ҳама ҷоро пахш карда буд. То ними “заправка” зери об монд, бушкаҳои 200-литрии сӯзишворӣ чаппа шуда, маводи сӯхт ба об ҳамроҳ гардид. Инчунин, нуқтаи танзими барқ ҳам корношоям гардид ва ҳоло нуқтаи фурӯши сӯзишвории мо кор намекунад. Соати қариб 3-и шаб сел омад ва мо танҳо соати 10 тавонистем селро хушк кунем”, - мегӯяд ин сокини ноҳияи Мастчоҳ.
Мирзомаҳмад Хоҷаев ягона сокини ноҳияи Мастчоҳ нест, ки дар пайи омадани сел зарар дидааст. Рӯзибой Боронов ҳам мегӯяд, омадани сел ба буҷети хонаводаи онҳо хисорот ворид кард. Ба қавли ӯ, соли гузашта бо қимати 7 ҳазор сомонӣ асп харида буд ва субҳи имрӯз мурдаи онро аз об баровард.
“Аз соли 78 то имрӯз чунин сел набуд”
Мақомот ва ҳам сокинони ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, сели 15-уми июн барояшон ногаҳонӣ буд. Чун ба қавли сокинон тайи чанд даҳсолаи ахир ноҳия шоҳиди чунин ҳодиса нашуда буд. Рӯзибой Боронов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, гуфт, бе хавотирӣ аспашро дар назди канал шабона баста буд ва интизор набуд, ки ба ин канал сел меояд.
Ҷамшед Кӯчаков, сардори бахши ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Мастчоҳ, низ мегӯяд, тибқи ҳисоби мутахассисон бори ахир соли 1978 дар ин ноҳия чунин сел омада буд.
Ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар марз бо Узбекистон, асосан дашт буда, тақрибан куҳ надорад. Аз ин ҳисоб сокинони Мастчоҳ мегӯянд, омадани сел барои онҳо ғайримунтазира буд, чун тақрибан чунин ҳодисаро ёд надоранд. Баръакс, сокинон гуфтанд, заминҳои ноҳия ба об эҳтиёҷи шадид дорад ва беҳтар мебуд агар оби зиёд дар ягон обанбор ҷамъ карда мешуд.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ 60 соли қабл аз водии Зарафшон ба ин минтақа муҳоҷир шуда, асосан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои ноҳия тариқи канали “Тоҷикистони советӣ” ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Як қисми аъзам заминҳои ноҳия аз сабаби набуди об ҳоло низ ғайрикорам боқӣ мондаанд.