Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон тасмим дорад, чаҳор чархболашро ба Сомалӣ иҷора диҳад


Вакили порлумони Қирғизистон хабар дод, ки кишвараш тавассути як ширкати Уганда чаҳор чархболи низомиро ба Сомалӣ иҷора медиҳад. Дар ин бора рӯзи 14 июн Канибек Имоналиев, вакили порлумон дар як ҷаласаи порлумонӣ хабар дод.

"Ба иттилои ман, мо ҳамагӣ 6 чархболи низомӣ дорем. Ду чархбол дар ҳолати корношоямӣ аст, ду чархболро аз ИМА ва ду чархболи дигарро аз Русия ҳамчун кумак дастрас кардем. Ин чаҳор чархболро мехоҳанд ба Сомалӣ иҷора диҳанд, дар кишваре, ки ҷанг идома дорад. Мо ин чархболҳоро аз Русия ҳамчун кумак дарёфт кардаем ва ҳаққи ба кишвари дигар додани онҳоро надорем", - гуфт Имоналиев.

Ин вакили порлумон арзиши иҷораро ном набурд ва ҳамчунин нагуфт, ки чаро Қирғизистон аз иҷора додани чархболҳояш суд нахоҳад гирифт.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ваъда дод, ки ин масъаларо рушан мекунад.

XS
SM
MD
LG