Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Мастчоҳ ба як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ зарар расонд. АКС


Бар асари омадани сел дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як қисми низомии Вазорати дифоъ осеб дидааст. Абдусамад Шарифзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, қисми низомии воқеъ дар ҷамоати Бӯстон бар асари омадани сел пури об шудааст.

"Дар минтақаи мо боришот чандон зиёд набуд. Аммо боришот дар минтақаҳои куҳии ноҳияи Истиқлол зиёд шудааст ва об аз он тараф калон омад ва тақрибан соатҳои 3-и шаб купрӯки назди қисми ҳарбиро зада вайрон кард", - гуфт ӯ.

Шарифзода гуфт, ҳамзамон сатҳи оби сой боло рафта, ба дохили қисми ҳарбӣ даромадааст. Айни замон сарбозон аз даромадгоҳи эҳтиётии қисми низомӣ равуо доранд ва барои бартараф кардани оқибатҳои сел комиссияи вижа таъсис дода шудааст. Миқёс ва зиёни молии оқибатҳои сел ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

XS
SM
MD
LG