Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ассад гуфт, нирӯҳои эронӣ дар Сурия боқӣ мемонанд


Президенти Сурия Башор Асад гуфт, ки ӯ ба ёрии нирӯҳои Ҳизбуллоҳи Эрон дар Сурия эҳтиёҷ дорад ва то замоне, ки онҳо зарур ҳастанд, дар ин ҷо хоҳанд монд. Дар як мусоҳибааш бо телевизиони Al-Alam шоми 13 июн Асад гуфт, ки Эрон ба фарқ аз Русия дар хоки Сурия ҳеҷ пойгоҳи низомӣ надорад, вале агар, ба гуфтаи ӯ, зарурат барои будани пойгоҳҳои низомии эронӣ пайдо шуд, “мо аз ин чиз даст намекашем”.

Вай аз Эрон ва Русия ба унвони кишварҳои шарик ном бурд. Вай гуфт, ки дар муқобила бо шӯришиёни суриягӣ аз мушовирону ҷангандаҳои эронӣ, инчунин ҷангиёни шиамазҳаби ироқӣ ва ҷангиёни лубнонии Ҳизбуллоҳ кӯмакҳои зиёд дарёфт мекунад. Манзури президенти Сурия ҷанги ҳафтсолаи ин кишвар аст, ки то имрӯз сабаби марги ним миллион аҳолии Сурия шудааст. Вай дар ин мусоҳибааш гуфт, ки эҳтиёҷ ба ин кӯмакҳо аз он хотир вуҷуд дорад, ки ҳамоно 40 дарсади қаламрави кишвараш зери назари шӯришиён мебошад.

Исроил пофишорӣ дорад, ки ҳузури низомии Эрон дар Сурия хотима ёбад, чун дар симои ин кишвар ва нирӯҳояш душмани худро мебинад.

XS
SM
MD
LG