Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар паёми табрикии худ ба муносибати Иди саид Фитр, мардумро ба хайру эҳсон ва кӯмак ба бечораву ятимон, даъват кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз сокинон хост, ки "дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд."

Ӯ ҳамчунин гуфт, "мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастурхони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд". Раиси ҷумҳури Тоҷикистон садақаи фитрро яке аз василаҳои муҳими дастгирӣ ва кӯмак ба шахсони ниёзманд донист ва гуфт, ки он бояд ба ятимону маъюбон, беморону камбизоатҳо дода шавад.

Тибқи эълони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, иди Фитр дар кишвар рӯзи ҷумъаи 15-уми июн таҷлил мешавад. Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 17-уми моҳи май оғоз шуда буд. Ба ин тартиб, мардум дар Тоҷикистон имсол дар моҳи Рамазон 29 рӯз рӯза мегиранд.

XS
SM
MD
LG