Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Панҷакент ҳамсари дувуми падарашро латукӯб кард


Як сокини 34-солаи деҳаи Гусари шаҳри Панҷакент ба иттиҳоми латукӯби ҳамсари дувуми падараш, боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса субҳи 3-юми июн дар ҳудуди заминҳои хоҷагии "Баҳриддин" рух додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин маҳал модари ин сокини Панҷакент бо ҳамсари дувуми падараш, ки 39-сола будааст, "аз ҳиссиёти рашку ҳасад" ҷангу ҷанҷол менамояд ва ин мард бо каланд ҳамсари дувуми падарашро латукӯб менамояд. Мақомот мегӯянд, бар пояи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ин зан "зарари вазнин ба саломатӣ" ба шумор меравад ва аз ин рӯ, алайҳи ин мард тибқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда боз шуда ва тафтишот ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG