Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимол ва шарқи Афғонистон 20 нафар кушта шуд


Рӯзи 11 июн дар Кобул як таркиши дигаре шуд, ки ҷони одамони зиёдро гирифт
Рӯзи 11 июн дар Кобул як таркиши дигаре шуд, ки ҷони одамони зиёдро гирифт

Дар паи ҳамлаи Толибон ба нирӯҳои амниятии Афғонистон дар ноҳияи Сайёди вилояти Сарипул 14 нафар кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса шаби 12 июн рух дод. Нуроғо Нурӣ, як узви шӯрои вилоятӣ гуфт, ки дар ин ҳамла дасти кам 25 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Нурӣ гуфт, ки шӯришиён чор сарбози маҷрӯҳшударо гаравгон гирифтанд.

Дар вилояти шарқии Ғазнӣ як маргталаб бо истифода аз мошин низомии навъи “Humvee”-е дасти кам панҷ узви нирӯҳои амниятии Афғонистонро кушт.

Сухангӯи волии Ғазнӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҳам субҳи 12 июн рух дод. Ба гуфтаи Нурӣ, дасти кам 26 нафар, аз ҷумла раҳбари ноҳия ва 18 афсари полис дар ин таркиш маҷрӯҳ шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале ба қавли Нурӣ, мошини низомии “Humvee” аз ин пештар аз ҷониби ҷангиёни Толибон рабуда шуд.

XS
SM
MD
LG