Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмону Фаронса ба ояндаи равобити Русияву Украина хушбинии мӯҳтотона баён карданд


Олмон ва Фаронса дар робита ба беҳбуди равобити Русияву Украина хушбинии эҳтиёткорона баён карда айни замон гуфтанд, ки дар заминаи истиқрори нирӯҳои посдори сулҳи СММ дар хоки Украина ба мувофиқа нарасиданд. Рӯзи 11 июн дар Берлин мулоқоти вазирони хориҷаи Фаронсаву Олмон ва ҳам Русияву Украина баргузор шуд, ки ҳадафи аслиаш баъди як соли адами иртибот талоши ба ҳам овардани ду кишвари дар ҳоли низоъ буд.

Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои фаронсавиаш Жан-Ив Ле Дриан гуфт, ки “музокирот дар фазои бозу созанда” ҷараён гирифт ва изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаи ин гуфтугӯҳо созиши оташбас мешавад.

Вай гуфт, ки ҳама ҷонибҳо тарафдори оташбаси давомдор, аз ҷумла, берункашии силоҳҳои қавӣ, поккории минаҳо, ҳимоят ва иҷозати вуруди нозирони САҲА мебошанд. Вале дар ҳоле, ки Маскаву Киев дар масъалаи истиқрори нирӯҳои посдори сулҳ дар шарқи Украина мувофиқат карданд, ҳанӯз дар масъалаи тарзи пешбурди кори онҳо мувофиқа ҳосил нашудааст, гуфт вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас. Дар ҳоле, ки ҷонибҳои дигар хостори истиқрори нирӯҳои СММ дар тамоми манотиқи зери назари ҷудоиталабон, аз ҷумла дар марз мебошанд, Русия ба ин пешниҳод мухолифат мекунад.

XS
SM
MD
LG