Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон дар масъалаи Эрон аз эҳтимоли "сар задани низоъ" ҳушдор дод


5 июн, Париж
5 июн, Париж

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз эҳтимоли сар задани низоъ баъди эълони азсаргирии барномаҳои ғанисозии уран аз ҷониби Эрон ҳушдор дод. Дар як нишасти хабарии муштаракаш бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу шоми 5 июн дар Париж Макрон аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки «вазъро мӯътадил нигоҳ доранд ва нагузоранд, ки моҷаро тавсеа ёфта боиси сар задани низоъ шавад».

Вай гуфт, ки тасмими Эрон барои тавсеаи зербинои ҳастаиаш созиши ҳастаии соли 2015-ро нақз намекунад. Ин созишнома, ки зераш ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Чин ва худи Эрон имзо карда буданд, Эронро аз таҳримҳои иқтисодӣ раҳо карда бар иваз хатми фаъолиятҳои ҳастаиро тақозо мекунад.

Макрон гуфт, ки бо вуҷуди ваъдаҳои пойбанд будан ба ин созиш аз ҷониби Аврупо, эълони ахири Эрон нишон медиҳад, ки хатари бекор шудани созишнома бештар мешавад. Макрон гуфт, “ин ҳолат баёнгари он аст, ки вақте тарафе ин созишро ба таври якҷониба тарк мекунад, ҷониби дигар барои адои эҳтиром ба ин санад дигар дилгарм намешавад”. Ишораи Макрон ба тасмими президент Доналд Трамп буд, ки моҳи апрел гуфт Амрико аз созиши ҳастаӣ берун мешавад.

XS
SM
MD
LG