Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ рад кард. Каромат Шарипов: Шиносномаи ман куҷост? ВИДЕО


Каромат Шарипов дар назди Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт
Каромат Шарипов дар назди Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 4-уми июн даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилиро рад кард. Шарипов даъво карда буд, ки ин ниҳодҳои Тоҷикистон соли гузашта дар бораи шаҳрвандии ӯ ба мақомоти Русия маълумоти гӯиё ғалат додаанд.

Каромат Шарипов аз намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ пурсид, ки шиносномааш куҷост? Намояндаи вазорат гуфт, "соли 1987 маҳв карда шудааст".

Сафар Нурализода – додраси Додгоҳи Исмоили Сомонӣ – пас аз шунидани даъвои тақрибан сесоатаи Каромат Шарипов ва намояндагони мақомот гуфт, даъвои Шарипов бар асоси Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон бекор карда шуд.

Каромат Шарипов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хулосаи додрас розӣ нест ва барои исботи дурустии мавқеаш то болотарин зинаи додгоҳ хоҳад рафт. Ӯ то даҳ рӯзи дигар фурсат дорад, ки аз рӯи қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят барад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Додгоҳ даъвои Каромат Шариповро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

"Соли 1987 маҳв карда шуд"

Дар мурофиаи ниҳоӣ миёни намояндагони Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ ва Каромат Шарипов баҳси тезутунд сурат гирифт. Дар ҳоле ки сохтори давлатӣ ба шиносномаи соли 1980, яъне даврони Шӯравии Каромат Шарипов такя мекард, худи ӯ мефаҳмонд, ки пас аз суқути СССР ҳеҷ гоҳ шиносномаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба даст нагирифтааст.

Вақте Каромат Шарипов аз намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ пурсид, ки шиносномааш куҷост, намояндаи вазорат гуфт, “соли 1987 маҳв карда шудааст”. Намояндагони мақомот зикр карданд, ки Шарипов соли 1963 дар деҳаи Ҷонкуйдии ноҳияи Файзобод зода шуда, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

"Чаро ба Тоҷикистон оварда шудам?"

Аммо Каромат Шарипов бо намоиши даста-даста санаду ҳуҷҷат далел меовард, ки даъвои онҳо нодуруст аст ва ӯ аз соли 1983 ба он тараф дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия буд ва баъди пошхӯрии Шӯравӣ шиносномаи русӣ гирифт. Ба бовари Каромат Шарипов, қазияи ӯ сохта буда, бо талоши “гурӯҳҳои мафиёӣ” ба ин ҳол гирифтор ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Ба ман ё аз мақомоти болоӣ (судҳои болоӣ) шаҳрвандии Тоҷикистонро диҳанд ва ё аз он даст кашанд.

Вай ба намояндагони мақомот рӯ оварда, суол дод, ки “бигӯед, чаро ба Тоҷикистон оварда шудам?” Дар ҷавоб намояндаи мақомот гуфтанд, Каромат Шариповро намешиносанд ва бо ӯ ғараз надоранд, танҳо бар асоси қонунгузориҳои ҷории кишвар амал кардаанд.

Каромат Шарипов гуфт, ҳатман аз ин баҳсҳо президенти Тоҷикистон хабар надорад ва ба ӯ мароҷиат хоҳад кард ва нусхаи дигари даъвояш ба унвонии президенти Русия ҳам ирсол мешавад.

Каромат Шарипов: Шаҳрванди Тоҷикистон?

Баррасии даъвои Каромат Шарипов дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи май шурӯъ шуд. Асли даъво ба он бармехӯрад, ки соли гузашта ҷониби Душанбе ба мақомоти Русия гуфтаанд, "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст". Дар ҳоле ки худи Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеҷ вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро нагирифта буд.

Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Шарипов мегӯяд, танҳо дар сурате ба шаҳрванди Тоҷикистон буданаш эътироф мекунад, ки агар дар ин бора қарори Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон содир шавад. “Агар дар Суди конситутсионӣ маълум шуд, ки Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар он сурат ба ин розигӣ медиҳам. Чун агар суди ноҳиявӣ дар ин бора гап занад, баъдтар мегӯянд, шаҳрвандии туро ноҳия дода буд. Ба ман ё аз мақомоти болоӣ (судҳои болоӣ) шаҳрвандии Тоҷикистонро диҳанд ва ё аз он даст кашанд. Ман ба ҳардуаш розиам”, -таъкид кард Каромат Шарипов.

Дархости паноҳандагӣ аз Аврупо

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст.

Вай ду моҳ пеш аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё кумак кунанд. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон моҳи март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳеч вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва намехоҳад дар кишвар бимонад.

XS
SM
MD
LG