Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Озода Раҳмон ба номаи Каромат Шарипов


Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ хостааст, ки ба қазияи Каромат Шарипов расидагӣ кунанд. Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ду моҳ пеш аз Русия ихроҷ шуд ва ҳоло дар талоши гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистон аст.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи Озода Раҳмон охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд. Ӯ афзуд, “қаблан бо вазири корҳои дохилӣ дар суҳбат доштем. Рамазон Раҳимзода шахсан аз қазия огоҳ ҳаст. Аммо то кунун ҳалли худро наёфтааст.”

Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Каромат Шарипов мегӯяд, ки ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муроҷиат кардааст, то дар ҳалли қазияаш мусоидат кунад.

Шарипов рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст.

Русия баъди ин Каромат Шариповро аз ҳаққи шаҳрвандӣ бекор кард ва ҳоло ӯ як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Худи ӯ мегӯяд, бо онки зодаи Тоҷикистон аст, ҳеч гоҳ шаҳрванди ин кишвар набуд.

Дар ин бора бештар бихонед:

К.Шарипов: "Дар ихроҷи ман гурӯҳҳои мафиёӣ даст доранд"

XS
SM
MD
LG