Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каромат Шарипов – байни замину осмон. ВИДЕО


Каромат Шарипов, дар назди Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Рӯзи 24-уми майи 2018.
Каромат Шарипов, дар назди Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Рӯзи 24-уми майи 2018.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хост, ки даъвои Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро бекор кунад. Қаблан Каромат Шарипов аз болои се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ ба додгоҳ шикоят бурда, онҳоро дар пешниҳоди маълумоти гӯиё ғалат дар бораи шаҳрвандии ӯ ба мақомоти Русия муттаҳам кардааст.

Ба ман ё аз мақомоти болоӣ (судҳои болоӣ) шаҳрвандии Тоҷикистонро диҳанд ваё аз он даст кашанд. Ман ба ҳардуаш розиам

“Шаҳрвандии Шариповро на раиси ҷумҳур бекор кардааст, на додгоҳ”

Мурофиаи дувум аз рӯи даъвои Каромат Шарипов дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 24-уми май баргузор шуд. Мурофиа бо ҳузури намояндагони Вазорати умури дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти шиносномадиҳӣ сурат гирифт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

ВКД талаб кард, ки даъвои Каромат Шарипов рад шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Намояндаи Хадамоти шиносномадиҳӣ дар додгоҳ гуфт, шаҳрвандии Каромат Шарипов дар Тоҷикистон бекор нашудааст. Ин мақоми расмӣ афзуд, шаҳрвандӣ бар асоси фармони раиси ҷумҳур ва ё қарори додгоҳ бекор мешавад ва барои бекор кардани шаҳрвандии Каромат Шарипов ҳеҷ қароре содир нашудааст.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Намояндаи Хадамоти шиносномадиҳӣ мегӯяд, тасдиқи шаҳрвандии Каромат Шарипов аз сӯи гуруҳи кории идораҳои дахлдор санҷида шудааст ва қарори дуруст аст. Масъулини Вазорати умури дохилӣ ва ҳам Хадамоти шиносномадиҳӣ ба додгоҳ нусхаи ҳуҷҷат ё “формаи 1”-ро пешниҳод карданд, ки Каромат Шарипов ҳанӯз аз солҳои Шӯравӣ дар қайди ноҳияи Файзобод буд. Аммо Каромат Шарипов ҳаққонияти ин ҳуҷҷатро зери шубҳа бурд ва талаб кард, ки он ташхис шавад.

Мақомоти тоҷик дар додгоҳ бештар ба он такя мекарданд, ки Каромат Шарипов ягон вақт барои бекор кардани шаҳрвандиаш расман ба мақомот муроҷиат накардааст. Аммо Каромат Шарипов дар додгоҳ гуфт, ӯ аз замони хизмат дар артиши Русия шаҳрванди Тоҷикистон набуд.

“Агар Додгоҳи конситутсионӣ тасдиқ кунад”

Баррасии даъвои Каромат Шарипов дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғози моҳи май шуруъ шуд. Асли даъво ба он бармехӯрад, ки соли гузашта ҷониби Душанбе ба мақомоти Русия гуфтаанд, “ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст”. Дар ҳоле ки худи Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеҷ вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро нагирифта буд.

Каромат Шарипов дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Каромат Шарипов дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Каромат Шарипов рӯзи 24-уми май пас аз анҷоми мурофиа ба хабарнигорон гуфт, солҳои 80-ум дар қайди Файзобод будани ӯ маънои онро надорад, ки ҳанӯз ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар ҳоле ки ба қавли Шарипов, ӯ солҳои 80-ум аз қайди зодгоҳ ва комиссариати ҳарбӣ хориҷ шуда буд.

Шарипов мегӯяд, танҳо дар сурате ба шаҳрванди Тоҷикистон буданаш эътироф мекунад, ки агар дар ин бора қарори Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон содир шавад. “Агар дар Суди конситутсионӣ маълум шуд, ки Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар он сурат ба ин розигӣ медиҳам. Чун агар суди ноҳиявӣ дар ин бора гап занад, баъдтар мегӯянд, шаҳрвандии туро ноҳия дода буд. Ба ман ё аз мақомоти болоӣ (судҳои болоӣ) шаҳрвандии Тоҷикистонро диҳанд ва ё аз он даст кашанд. Ман ба ҳардуаш розиам”, -таъкид кард Каромат Шарипов.

“Нусхаи дархости Русия куҷост? Касе намедонад”

Баҳси дигар дар мурофиаи Каромат Шарипов бо се мақоми Тоҷикистон рӯзи 24-уми май ин буд, ки Вазорати умури дохилӣ бар асоси кадом дархости ҷониби Русия шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯро тасдиқ кардааст. Каромат Шарипов аз намояндагони ВКД талаб кард, ки нусхаи дархости ҷониби Русияро барои ӯ пешниҳод кунанд. Аммо намояндагони ВКД ба Шарипов нусхаи чунин ҳуҷҷатро пешниҳод накарданд ва додрас низ хост, ҳафтаи оянда санад пешниҳод шавад.

Каромат Шарипов мегӯяд, 6-уми октябри соли гузашта Вазорати умури дохилӣ ба ҷониби Русия санадаи тасдиқкунандаи шаҳрвандии ӯро ирсол кардаанд. Дар ҳоле, ки ба қавли Шарипов маълум нест, ки дархости расмии Русия дар ин бора кай ба мақомоти тоҷик ирсол шудааст ва нусхаи ин санад дар куҷо аст.

Дар назар аст, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳафтаи оянда қарори худ дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон будан ё набудани Каромат Шариповро содир кунад. Каромат Шарипов мегӯяд, дар ҳолати ба манфиати ӯ ҳал нашудани баҳс ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад.

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Шарипов ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи манфиатдор донистааст, ки ба ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи муҳоҷирон рабт дорад.

Вай ду моҳ пеш аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё кумак кунанд. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон моҳи март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳеч вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва намехоҳад дар кишвар бимонад.

XS
SM
MD
LG