Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каромат Шариповро бо ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристоданд


Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ
Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ

Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”-ро, ки бо қарори додгоҳи Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон фиристодаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, ки Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид. “Вай аз Маскав тавассути ҳавопаймои "Сибир авиалинии" ба Кӯлоб омад”, - афзуд манбаъ.

Дар ҳоле ки наздиконаш мегӯянд, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест, мақомоти тоҷик моҳи октябр дар як нома ба ҷониби Русия гуфтаанд, "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст".

Вакили дифоъ: Дасташ баста буд

Додситонӣ ӯро ҳушдор дода буд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Александра Медведова, вакили дифои Каромат Шарипов дар Маскав, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти гусели нафари таҳти ҳимояташ дар фурудгоҳ ҳузур дошт. "Вақте ӯро мебурданд, дастонаш баста буд. То минтақае, ки иҷозаи рафтан буд, ӯро ҳамроҳӣ кардем. Баъди рафтанаш дигар ҳеч иттилое аз ӯ надорем. Умед дорам, ки дар Тоҷикистон барои худ вакили дифоъ хоҳад гирифт."

Масъулони фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб дар мавриди инки Каромат Шарипов ҳамроҳи мусофирон аз бинои фурудгоҳ берун шуд ё аз тарафи мақомот боздошт гардид, изҳори бехабарӣ карданд. Аммо баъзе аз наздикони Каромат Шарипов гуфтанд, ӯ тақрибан соати 4-и саҳар ба вақти Душанбе ба онҳо занг зад. “Фақат гуфт, ки ҳамроҳи мақомот ҳасту дертар тамос мегирад", - афзуданд онҳо. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд.

Ҳимояти додгоҳи вилояти Маскав аз ихроҷи Шарипов

Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Ихроҷи Каромат Шарипов рӯзи 12-уми декабр дар пайи қарори додгоҳи вилояти Маскав имконпазир шуд. Ин додгоҳ қарори қаблии Суди Либеретски шаҳри Маскавро ҷонибдорӣ кард, ки Шариповро ба нақзи муқаррароти будубоши Кодекси маъмурии Русия муттаҳам намуда, ихроҷашро қонунӣ донист.

Вакили дифои Каромат Шарипов рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мурофиа бе ҳузури нафари таҳти ҳимояташ сурат гирифт. Александра Медведова рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарори Додгоҳи вилояти Маскав ба муқарароти қонунҳои байналмилалӣ ва Русия муғойират дорад ва рӯи он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. “Гуноҳи Каромат Шарипов дар додгоҳ собит нашудааст”, - афзуд ӯ.

Пеш аз ин... Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷикро бастанд

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон аст.

Охири моҳи сентябри имсол як раёсати ВКД дар вилояти Маскав шиносномаи Каромат Шариповро бекор кард. Соле аз ин пеш бо қарори Додгоҳи олии Русия созмони таъсисдодаи ӯ “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” ҳамроҳ бо 46 шӯъбааш дар саросари Русия барои “нақзи фаъолияти оинномавӣ ва протоколҳои анҷуман” баста шуд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти ҳукумати Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ҳушдори додситонӣ дар пайи ҳодисаи Люблино

Наврӯз Зикиров
Наврӯз Зикиров

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамеша гуфтааст, ки дар солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмат карда як афсари нирӯҳои низомии Русия мебошад. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, ба як чеҳраи фаъоли матбуотӣ ҳам табдил шуд. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст.

Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дода буд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

XS
SM
MD
LG