Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав қарори ихроҷи Каромат Шариповро бе тағйир монд


Каромат Шарипов

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12-уми декабр қарори ихроҷи Каромат Шарипов, раҳбари "Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия"-ро бетағийр гузошт. Вакили дифои Каромат Шарипов рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мурофиа бе ҳузури нафари таҳти ҳимояташ сурат гирифт ва онҳо барои шикоят аз рӯи қарори додгоҳ даҳ рӯзи дигар фурсат доранд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти ҳукумати Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Қаблан додгоҳи Люберетскийи шаҳри Маскав ихроҷи Каромат Шариповро содир карда, ӯро ба нақзи муқаррароти будубоши Кодекси маъмурии Русия муттаҳам намуд. Бино ба ин қарор, Шарипов бояд 5 ҳазор рубл ҷарима пардохта, сипас, ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.

Охири моҳи сентябри имсол як раёсати ВКД дар вилояти Маскав шиносномаи Каромат Шариповро бекор кард. Соле аз ин пеш бо қарори Додгоҳи олии Русия созмони таъсисдодаи ӯ “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” ҳамроҳ бо 46 шӯъбааш дар саросари Русия барои “нақзи фаъолияти оинномавӣ ва протоколҳои анҷуман” баста шуд.

Дар пайи қарори додгоҳи рӯзи 30-юми ноябр худи Каромат Шарипов дар боздошт аст. Наздикони Каромат Шарифов мегӯянд, ӯ ҳеч гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд, балки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия муқимӣ шуда, шаҳрвандии ин кишварро гирифта буд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти ҳукумати Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамеша гуфтааст, ки дар солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмат карда як афсари нирӯҳои низомии Русия мебошад. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, ба як чеҳраи фаъоли матбуотӣ ҳам табдил шуд. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст.

Дар ҳодисаи Люблино Наврӯз Зикиров маҷруҳ шуда буд
Дар ҳодисаи Люблино Наврӯз Зикиров маҷруҳ шуда буд

Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳанӯз мақомоти тоҷик қазияи ихроҷи Шариповро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, аз натиҷаи додгоҳ аз матбуоти русӣ огаҳ шудаанд. Бархе нозирони дигар мегӯянд, ки дар пушти тасмими додгоҳ дар нисбати Каромат Шарипов бояд аъмоли ӯ баҳогузорӣ шавад, ки бисёр вақт суолбарангез ва моҷароҷӯёна будааст. Бархе мунаққидон тасмими маҳрум шудани ӯ аз шиносномаи русиро ба фаъолияти кориаш рабт медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG