Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти украинӣ дар Маскав ба 12 соли зиндон маҳкум шуд


Роман Сушенко. 4 июн, додгоҳи Маскав
Роман Сушенко. 4 июн, додгоҳи Маскав

Додгоҳе дар Маскав журналисти украинӣ Роман Сушенкоро бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Киев ва фаъолони ҳуқуқ ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Дар мурофиае, ки рӯзи 4 июн дар додгоҳи Маскав ҷараён гирифт, додрас ҳукм кард, ки Сушенко ин мӯҳлатро дар зиндони низомаш сангин пушти сар хоҳад кард.

Сушенко хабарнигори оҷонсии хабарии Ukrinform дар шаҳри Париж соли 2016 дар Маскав бо иттиҳоми ҷамъоварии маълумоти ҷосусӣ боздошт шуд. Ӯ дар мурофиае, ки моҳи март шурӯъ шуд, гуфт, ки бегуноҳ аст. Киев, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва ҳукуматҳои ғарбӣ гуфтанд, ки баъди ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи низоъҳо дар шарқи Украина дар соли 2014 Русия чандин журналисти украиниро бо иттиҳомоти сохтаи дорои ангезаҳои сиёсӣ маҳкум ба зиндон кардааст. Киев мегӯяд, ки Маскав аз ҷудоиталабони украинӣ ҳимоят мекунад, вале Маскав инро ҳамеша рад кардааст.

XS
SM
MD
LG