Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Музокирот"-и Русия ва Амрико бар сари як халабони Шӯравӣ


Як мақоми Русия гуфт, ки музокирот бо намояндагони сафорати Амрико дар Покистон дар мавриди пайдо шудани як халабони рус ҷараён дорад. Виктор Водолатский, узви порлумони Русия, дар ин бора ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Дар гузориш омадааст, ин халабон пас аз онки ҳавопаймо дар соли 1987 дар Афғонистон зада шуд ва суқут кард, нопадид гардид.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Водолатский гузориш додааст, ки дар қадами аввал бояд номи халабон ва замони вуқӯи ҳодиса маълум шавад ва агар пилот хоҳони бозгашт ба Русия бошад, заминаи он фароҳам шавад.

Ба навиштаи хабаргузории “Франс Пресс”, як мақоми дигари рус гуфтааст, мумкин аст, ин халабон дар Покистон бошад. Дар мавриди ин суханони мақомҳои русӣ ҳанӯз мақомоти Покистон ва ҳам амрикоиҳо шарҳе надодаанд.

Бар асоси гузоришҳо, соли 1989, вақте нирӯҳои Шӯравии собиқ аз Афғонистон берун шуданд, номи тақрибан 300 сарбоз дар феҳристи гумшудаҳо қарор гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG