Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёти Тоҷикистон: Иди Рамазон ё имтиҳони хонандагон?


Соли гузашта дар рӯзи Иди Қурбон, ки ба 1-уми сентябр рост омад, бархе ба масҷид ва баъзеи дигар ба мактаб рафтанд
Соли гузашта дар рӯзи Иди Қурбон, ки ба 1-уми сентябр рост омад, бархе ба масҷид ва баъзеи дигар ба мактаб рафтанд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эҳтимоли баргузории имтиҳони хонандагону донишҷӯҳо дар рӯзи иди Рамазонро рад кард. Масъулони шӯро рӯзи 2-юми июн бо нашри изҳороти расмӣ гуфтанд, "сарусадое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо бебунёду асосанд".

Онҳо гуфтаанд, ҳанӯз рӯзи дақиқи таҷлил аз Иди Фитр маълум нашудааст ва чунин овозаҳо "сӯитафоҳумро дар ҷомеа ба бор меорад".

Иди Рамазон, яке аз ду иди мусалмонист, ки бино ба тақвими Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат аст. Дар ин рӯз сокинон ба хонаи якдигар рафта ва ба дармондаҳо дасти кумак дароз мекунанд.

Аммо соли гузашта мақомот хостори танзими дастархони рӯзи ид шуда, даъватҳо ба манъи "идгардак"-и кӯдакон ҳам садо дод.

Дертар, рӯзи 1-уми сентябри 2017, дар рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон, ки расман истироҳат буд, коргарон ба идораҳо ва хонандагону донишҷӯён ба мактаб ҷалб шуданд.

XS
SM
MD
LG