Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон 3000 маҳбусро афв мекунад


Дар Туркманистон интизор меравад, бахшида ба “Шаби қадр”-и моҳи Рамазон афви маҳбусон сурат бигирад. Дар ин бора рӯзи 1 июн бахши Туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ду манбаи алоҳидаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин бор қарор аст, ҳудуди се ҳазор маҳбус афв шаванд.

Манобеъ мегӯянд, ба рӯйхати афвшавандаҳо маҳбусоне ҳам шомил хоҳанд шуд, ки бо ҷурми узвият дар созмони “Хизмет”-и руҳонии турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен дар Туркманистон солҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Бар пояи санади додгоҳи шаҳрии Ишқобод аз 8 феврали соли 2017, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, 18 нафар бо ҷурми узвият дар созмони Гюлен ҷамъан ба муҳлати 333 сол зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро дар созмон додани табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 айбдор мекунанд. Анқара баъд аз ин ҳодиса фишорро болои афрод ва созмонҳои марбут ба Гюлен ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ пурзӯр кард.

XS
SM
MD
LG