Пайвандҳои дастрасӣ

9 сокини мулкӣ дар Афғонистон иштибоҳан кушта шуданд


Ин мард дар рейд захмӣ шуд

Низомиёни афғон нӯҳ нафар, аксар афроди мулкиро дар як рейде дар манзили сокини вилояти Нангарҳор иштибоҳан ба ҳалокат расониданд. Атоулло Хогиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор рӯзи 29 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар амалиёте, ки аз ҷониби нирӯҳои вижаи Афғонистон дар вулусволии Чапарҳар анҷом шуд, 8 нафар, аз ҷумла як кӯдаку як зан ҳам маҷрӯҳ шуданд. Хогиёнӣ гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Баъзе гузоришҳо ҳокист, ки дар миёни кушташудаҳо як фармондеҳи полиси маҳаллӣ ва чанд хеши Фозилҳодӣ Муслимёр, раиси палатаи болоии парлумон ҳам буданд. Волии Нангарҳор Ҳаётулло Ҳаёт гуфт, ки нирӯҳои афғон хонаеро таҳқиқ карданд, ки аз дохилаш оташ кушода шуд, вале дар миёни қурбониҳо асосан одами мулкӣ буданд. Нанрараҳор дар ҳамсоягии Покистон ҷойгир аст ва дар соли ҷорӣ шоҳиди хушунатҳои зиёд шудааст. Дар ин минтақа ҳам Толибон ва ҳам ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” фаъол ҳастанд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG