Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешини Қирғизистон дубора ба КДАМ даъват шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро дигарбора ба бозпурсӣ даъват кард. Дар ин бора дар Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон рӯзи 28-уми май иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Исҳоқов соати 14-и 29-уми май ба бозпурсӣ даъват шудааст. КДАМ-и Қирғизистон дар ҳоли ҳозир, ин иттилоъро шарҳ намедиҳад.

Сарвазири пешини Қирғизистон бори нахуст 26-уми апрел ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Ӯ баъд аз ду соати бозпурсӣ дар бинои КДАМ ба рӯзноманигорон гуфт, “ҳамааш хуб аст”. Вай тасдиқ кард, ки дар доираи парвандаи навсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бозпурсӣ шудааст.

Исҳоқовро бори дувум 14-уми май ба КДАМ даъват кардаанд. Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ он замон гуфта буд, ки “ҳеч гоҳ дар фасодкорӣ даст надошт ва бинобар ин, аз чизе наметарсад”. Ӯ боздошт шудани худро аз эҳтимол дур надонист.

XS
SM
MD
LG