Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олигархи рус Роман Абрамович шаҳрванди Исроил шуд


Миллиардери рус ва молики бошгоҳи футболи "Челсӣ"-и Бритониё Роман Абрамович шаҳрванди Исроил шуд. Мақомоти Бритониё ахиран дар пайи ташаннуҷи ахири дипломатӣ миёни Лондону Москва раводид (виза)-и ӯро тамдид накарда буданд.

Абрамович, ки яҳудинажод аст, шаҳрвандии Исроилро дар асоси ба истилоҳ "Қонуни бозгашт" ба даст овард. Бар пояи ин қонун, ҳамаи яҳудиён ҳақ доранд ба Исроил баргарданд ва ҳамсару фарзанд ва набераҳои онҳо аз замони вуруд ба Исроил шаҳрванди ин кишвар шумурда хоҳанд шуд.

Ҳавопаймои шахсии миллиардери рус 28 май дар фурудгоҳи Бен-Гурион ба замин нишаст ва ба ӯ ҳуҷҷати нави бозгашт ва шиносномаи дохилии шаҳрванди Исроилро тақдим карданд.

Forbes дороии Абрамовичро $11,5 млрд арзёбӣ карда буд. Ӯ молики пешини ширкати нафти "Сибнефт" буда, соли 2005 "Газпром"-ро бар ивази $13,1 млрд фурӯхт. Дар ширкатҳои "Евраз"-у "Норилский никел" ва бошгоҳи футболи "Челсӣ" саҳм дорад. Мақомоти Бритониё як моҳ пеш аз вай хостанд, манбаи сармояҳои худро, ки мехоҳад, дар ин кишвар сармоягузорӣ кунад, шарҳ диҳад.

Ба иттилои Forbes, Абрамович дар Исроил манофеи ҷиддии тиҷорӣ дорад ва ба воситаи ширкатҳои Millhouse ва Ervington-и худ мехоҳад, дар он кишвар сармоягузорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG