Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон марде як занро дар дохили идораи пулис кушт


Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайили Қирғизистон марде як занро кушт ва худ низ талоши худкушӣ кард. Дар ин бора рӯзи 28 май бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, 27 май нахуст ба онҳо дар бораи одамрабоӣ хабар расид. Баъди дарёфти хабар, нозирони роҳ мошинеро манъ карданд, ки онро шаҳрванди 29-сола идора мекард. Дар дохили мошин ду мусофир: марди 30-сола ва зани 20-сола ҳузур доштанд. Пулис онҳоро ба идора бурд.

Ҳангоми пур кардани аснод, зан дар утоқи дигар нигаҳдорӣ мешуд. Марди 29-сола вориди утоқе шуд, ки зан нигаҳдорӣ мешуд ва дарро аз дарун баст. Аз дохили утоқ садои занозанӣ баланд шуд. Замоне кормандони милиса вориди утоқ шуданд, ки зан оғуштаи хун буд. Марди 29-сола ҳам духтар ва ҳам худро бо корд захмӣ кардааст.

Зан аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар шуъбаи эҳёи беморхона вафот кард. Мард дар беморхона бистарӣ аст. Мақомот бо моддаи "куштор" парванда боз карданд.

XS
SM
MD
LG